Азон
Азон — даъват ба намоз; он ҳангоми даромадани вақти фарз гуфта мешавад. Муаззин рӯ ба қибла истода, нӯги ангуштони шаҳодатро ба гӯшҳо гузошта, суханонро баланд ва кашола мегӯяд. Ҳангоми «Ҳайя ъалас-салоҳ» рӯяшро ба рост, ҳангоми «Ҳайя ъалал-фалоҳ» ба чап мегардонад. Шунаванда суханони ӯро такрор мекунад. Занон азон намегӯянд.
Дар азони Бомдод баъд аз «Ҳайя ъалал-фалоҳ» ду бор «Ас-салоту хайрум минан-навм» — «Намоз аз хоб беҳтар аст» илова мешавад.